алвидоъ — [الوداع] а. хайрухуш, падруд (вақти аз ҳам ҷудо шудан гуфта мешавад) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бадруд — [بدرود] ниг. падруд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бидруд — [بدرود] ниг. падруд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
видоъ — [وداع] а 1. хайрухуш, хушбошӣ, падруд: видои вопасин, видои охирин, вақти видоъ; видоъ кардан (намудан) 2. нидо алвидоъ!, хайр! хуш бош!, видоъ кардан бо чизе киноя аз чизеро тарк гуфтан; аз чизе тамоман ҷудо шудан; зиндагиро видоъ кардан киноя… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гусел — [گسيل] 1. рухсати рафтан додан; равон кардан ба ҷое 2. хайру маъзур бо касе вақти ба сафар рафтани ӯ, падруд, видоъ; гусел кардан а) фиристодан, равона кардан; б) хайрухушкунон бо меҳмон масофае рафтан, мушоият кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
худоҳофизӣ — [خداحافظي] хайру хуш, видоъ, падруд гуфтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ